Шаҳзода Табарова: Зани тоҷик беҳтарин зан дар ҳамсардорӣ, сарфакорӣ, таҳаммулпазирӣ ва муҳаббату садоқат аст

Март 4, 2016 16:03

Душанбе, 4.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони фаъоли касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.

Ба саволҳои мо Шаҳзода Табарова, мудири кӯдакистони №-117 «Олуча»-и шаҳри Душанбе  посух мегӯяд:

Савол: Сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?

Ҷавоб: Мураббии нахустини фарзанд модар аст ва тарбияи насли баору номус низ, пеш аз ҳама, дар оила сурат мегирад.Рисолати модар будан ва офаридан аз мӯъҷизаҳоест, ки Худованд ба модарон ато кардааст. Зан ҳамчун офаридгори насли инсонӣ ва тарбиятгар дар офариниши ҷомеа нақш ва мақоми хосса дорад. Рисолати аслии зани тоҷик дар ҷомеи кунунӣ тарбияи насли солиму созанда ва фароҳам овардани  фазои солим барои бунёди ояндаи дурахшон аст.

Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки таҳаммули бори гарони зиндагӣ бештар бар дӯши зан вогузор мегардад. Аз ин рӯ, барои ҳар мард зарур аст, ки дар аввал қадршиносӣ аз заҳматҳои ҳамсар ва муносибати нек бо ҳамсарро дошта бошад. Ҳаёти имрӯза бар дўши зан ба ғайр аз таваллуд ва тарбияи бачагон уҳдадориҳои зиёд гузоштааст.

Савол: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияти фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

Ҷавоб: Агар рушду тавсеаи ҷомеа аз пешрафту шукуфоии оила сарчашма гирад, бегумон асоси оиларо занон ташкил медиҳанд. Зан дар хонадон унсури калидӣ ва пойдевори аслии он аст, ки бо неруи ишқ, самимият, садоқат ва дилсӯзӣ ба ҳамсару фарзандон умед мебахшад. Меҳр, отифа, сабр  ва таҳаммул аз хусусиятҳоеанд, ки Худованд танҳо ба зан арзонӣ доштааст, вагарна, чӣ гуна метавонист ба ҳама озорҳои фарзанд бо меҳри ҷӯшони модарӣ посух диҳад ва ранҷу заҳматҳои нигоҳубини ӯро дар айёми бордорию валодат ва кӯдакию ҷавонӣ таҳаммул  намояд?
Зани тоҷик, ки ҳамеша мазҳари покӣ, рамзи пойдорӣ ва бунёди хонавода буд, имрӯз ҳам саъй мекунад ин рисолати таърихиро бар дӯш кашад.

Савол: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ? (Ба ибораи дигар зан-модар будан мушкилтар шудааст ва ё баръакс?)

 

Ҷавоб: Самараи истиқлолият аст, ки имрӯз зани тоҷик аз минбарҳои баланди созмону  мақомоти гуногуни кишвар ва байналмилалӣ садо баланд карда,  ҳуқуқҳои хешро дифоъ менамояд. Ман ҳам дар даврони соҳибистиқлоли кишвар ба дастовардҳои калон ноил гаштам. Ду дастури таълимӣ ва шаш мақолаи методӣ-оммавиам маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯи чоп омад. Тӯли даҳ сол аст, ки дар вазифаи роҳбарӣ фаъолият дорам ва дар тарбияи ҳазорҳо кӯдак саҳмгузорам.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар кишвари мо дар бораи ҷойгоҳ ва нақши зан зиёд мегӯянд. Аз ҷиҳати оморӣ ҳам таваҷҷуҳи ҳукумат ба ин қишри ҷомеа нисбат ба солҳои пеш зиёд шудааст. Ҳузури занон дар ниҳодҳои ҳокимиятӣ афзун гардидааст ва мо аз ҳамсоягонамон як қадам пештарем. Вале ин ҳама кофӣ нест. Барои ислоҳи вазъият бояд тафаккур ва нигоҳи ҷомеа ба зан тағйир  ёбад. Бояд ин шаҳоматро дошта бошем, ки дар хонавода баъзе нигоҳҳои хурофотӣ ва урфу одатҳои нораворо, ки ҳеҷ гуна асоси  илмӣ ва динӣ надошта, фақат монеи пешрафти занон мешаванд, аз худ дур кунем. Нагӯем, ин урфи мост, аз гузаштагон мерос мондааст ва ҳифзи онҳо ҳатмӣ аст.

Савол: Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?

 

Ҷавоб:  Ҳамеша бо ин ғурур,  ки зан ҳастам, болидаам ва меболам.

Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Хок шав зери пои ӯ, ки биҳишт
Дар қадамгоҳи модарон бошад.
(Ҷомӣ)

Савол: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқ миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?

Ҷавоб: Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва ваҳдати миллиро мекорад, то оянда насли навраси мо масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсонпарвар ба воя расад. Агар зан бомаърифат, бофарҳанг ва боҳунар бошад,  дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузошта метавонад. Агар зан ҳеҷ ҳунари дигар ҳам надошта бошад, ҳамин идомабахши ҳаёт ва пайвандгари наслҳо буданаш беҳтарин ҳунар аст. Чунонки ҳаким Фирдавсӣ мегӯяд:

Занонро ҳамин бас бувад як ҳунар,
Ки шинанду зоянд шерони нар.

Баъзан ин байт чунин маънидод мешавад, ки гӯё вазифаи зан фақат зоидан асту бас, дигар ба чизе кор надошта бошад. Вале агар ба маънои он жарфтар нигарем, ҳадафи аслии шоир он аст, ки ҳамин як ҳунар бас аст, яъне кофист, то зан мавриди ситоишу  эҳтиром қарор гирад.

Хулоса зани тоҷик беҳтарин зан дар ҳамсардорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сарфакорӣ, таҳаммулпазирӣ ва муҳаббату садоқат аст. Биёед, ба қадраш бирасем!
Савол: Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо  чӣ тавр таъмин мекунед?

Ҷавоб: Зан ҳамчун ҳамсар шарики шодию нишот, ғаму ғусса ва ҳамсафари ҳаётӣ дар оила баробари шавҳар вазифаву уҳдадорӣ, кӯшишу заҳмат ва дигар масъулиятҳои оилавиро дорост. Фазои орому созанда ҳамеша аз ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн сарчашма мегирад. Мо занҳо имрӯз имконият ва шароити бештаре барои ҳидоят ва раҳнамоии ҷомеаи созанда дорем.

Арҷ гузоштан ба хоҳишҳо ва ҳадафу орзуҳои ҳамдигар, дастгири ҳам будану ба худхоҳӣ роҳ надодан имкон медиҳад, ки дар хонавода фазои солиме муҳайё шавад. Албатта, муҳаббат ба зиндагӣ ва ба ҳамдигар   ин фазоро дӯстдоштанитар хоҳад кард.

-Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик.

-Ба модари тоҷик таманно мекунам, ки насли ояндаи миллатро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандориву арзишҳои миллӣ ба камол расонад. Саодатмандию  пирӯзиҳо, тинҷию  осудагӣ ва  якдилию  якмаромиро дар хонадонашон  орзу дорам. Доимо латифу маҳбуб бошед ва ба наздикони худ меҳру муҳаббат бахшед.

 

Таҳияи Мавҷуда Анварӣ

Март 4, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин