«Шабе дар фойтун», “Иттифоқи журналистон на Лоҳутӣ бурду на Лоҳутӣ дод”, “То даме ки рисолаҳо тоҷикӣ дифоъ нашаванд…” – шарҳи матбуот
Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»). – “То даме ки рисолаҳо тоҷикӣ дифоъ нашаванд…”- таҳти ҳамин сарлавҳа нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи сешанбе аз 15-уми марти соли равон мақолаи устоди Донишгоҳи миллӣ Муҳаммаддовуд Саломовро нашр кардааст. Муаллиф мақолаи мазкурро ба муносибати мулоқоти дар пешистодаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар иншо карда, таъкид намудааст: “…агар диссертатсияҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ таълиф ва ҳимоя гарданд, аксарияти масоил ва мушкилоти мавҷудаи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дар Тоҷикистон ҳалли худро меёбанд, бо ин далел, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи рушди илм аз ҷониби роҳбарияти сиёсии кишвар ва махсусан Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад”.
Дар шумораи навбатии “Ҷумҳурият” аз 16-уми марти соли равон матни суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ бо сарлавҳаи “Пешвои миллат: “Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар ободии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда доранд” нашр шуда, аз мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбари ширкатии чинии “Поли Технолоҷи” Ван Лин ва ба қабули Пешвои миллат пазируфта шудани директори агентии иттилоотии Русия “ТААС” Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусман, ҳамчунин дигар навгониҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар хабару гузоришҳо пешкаши хонандагон гардидаанд.
Шумораи имрӯзаи “Ҷумҳурият” оид ба сафари расмии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Аморати Муттаҳидаи Араб, таъйиноти кадрӣ дар сохторҳои Прокуратураи генералӣ, ВКД ва Кумитаи андоз, ба имзо расидани як зумра қонунҳо иттилоияи расмӣ нашр карда, мусоҳибаи худро бо Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф бо номи “Гаравидан ба ҷараёнҳои ифротӣ нишони нодониву гумроҳист” ба нашр расонидааст.
Шумораи навбатии нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 14-уми марти соли равон матни Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015”, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба категорияи шаҳр мансуб донистани ноҳияи Ҳисор ва оид ба тағйир додани номҳои ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Қумсангир ва Шӯроободи вилояти Хатлон ва матни дигар қарорҳои қабулшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чоп кардааст.
Дар шумораи имрӯзаи “Садои мардум” Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ чоп шудааст. Ҳамчунин дар ин шумора аз мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо раисони ҳар ду палатаи парлумони Покистон гузориши пурраи котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Султонов аз Исломобод пешкаши хонандагон шудааст.
«Адабиёт ва санъат» — дар саҳифаи назми ҳафтанома шеърҳои наврӯзии Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Раънои Мубориз, Озар, Беҳрӯзи Забеҳулло, Асрори Сомонӣ ва дар саҳифаи наср ҳикояи Константин Паустовский «Шабе дар фойтун» —ро пешкаши мухлисон кардааст.
«Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаи “Рангорангиҳои Наврӯзи Бадахшон”-ро нашр кардааст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва тадқиқотии “Иттифоқи журналистон на Лоҳутӣ бурду на Лоҳутӣ дод”, “Бозори Шоҳмансур- гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”, “Гранатомёт дар Симиганҷу Гулбутта”, “Кризис ва фоҳишаҳо”, “Наврӯз ва ислом” ва дигар маводи ҷолибро нашр кардааст.
“Сарбозони гумном”-и ҷабҳаи ноаён дар хизмати бародарони ҳамзабон”, “Фазилати Фозил”, “Вазорати нақлиёт: аз пайраҳа ба шоҳроҳ” – ин ва дигар мақолаҳоро нашрияи “Фараж” пешкаши хонандагон намудааст.








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд






