Шаш ноҳия дар Тоҷикистон табдили ном кард
Душанбе, 03.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Чор ноҳия дар ҷануби Тоҷикистон- Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликул, Қумсангир ва Шӯрообод ва ду ноҳия дар шарқи кишвар Тавилдара ва Ҷиргатол табдили ном карданд. 3 март аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои мазкурро тасдиқ карданд. Ҳамин тариқ, номи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷиликул ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияҳои Тавилдара ба Сангвор ва Ҷиргатол ба Лахш иваз карда шуданд.
Инчунин аъзои Маҷлиси миллӣ «Дар бораи тағйир додани сарҳади деҳоти ба номи Носири Хусрав ва ба номи Ишмурод Ниёзов, таъсис додани шаҳраки Қубодиён ва муқаррар намудани маркази маъмурии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» қарори марбута қабул намуданд.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






