Шиносоии афсарон бо воситаҳои муҳофизатӣ ва асбобҳои иктишофии муосир
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади сайқал додани донишу малакаи касбии афсарони сохторҳои таркибии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҲҶТ дар Маркази таълимию методӣ курсҳои омўзишӣ ба роҳ монда шуданд.
Тавре ки котиби матбуотии кумита Ориф Нозимов иттилоъ дод, курси «Авалин амалиёти ҷавобӣ бар зидди истифодаи силоҳи кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ядроӣ» бо дастгирӣ ва ташаббуси Сафорати ИМА дарТоҷикистон ташкил гардида, дар он мутахассисони хориҷӣ мувофиқ ба талаботи ҷаҳони муосир ҳозиринро ба омўзиш фаро мегиранд.
Дар рўзи кушодашавии курсҳо муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник М.Салимзода ва мутахассиси бехатарии минтақавии сафорати ИМА дар Тоҷикистон Тим Болс сухан намуданд.
Бояд зикр кард, ки омўзиш дар курси мазкур аз тариқи назариявию амалӣ сурат гирифта, дар давоми курс мутахассисон бо воситаҳои муҳофизатӣ ва асбобҳои иктишофи ҳозиразамон шинос шуда, ба тариқи амалӣ фаъолият кардани он омўзонида мешавад.
«Бояд гуфт, ки дар Маркази таълимию методии кумита пайваста курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда мешаванд ва ҳар дафъа зимни баргузории курсҳо унсурҳои нави омўзишӣ, ки ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд, омӯзонида мешаванд»,-илова намуд О.Нозимов.
Дар марказ табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба омўзиш фаро гирифта мешаванд. Дар ояндаи наздик дар заминаи ҳамкории байналмилалии кумита, барои васли техникаву таҷҳизоти муосири таълимӣ ва дар ин замина навсозӣ ва мукаммалгардонии маркази мазкур пешбинӣ гардидааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






