Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз
Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 март соати 10:00 дар доираи нақшаи чорабинӣ оид ба баргузории Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзро баргузор менамояд.
Котиби матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин хабар медиҳад, ки дар симпозиум меҳмонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, олимон ва адибону шоирони ҷумҳурӣ, ҳамчунин намояндагони Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи журналистон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок ва маъруза хоҳанд кард.
Пешбинӣ гардидааст, ки кори симпозиум дар баробари ҷаласаи ифтитоҳӣ, ҳамчунин дар чор бахши зерин ҷараён мегирад: Таърих ва фалсафаи Наврӯз; Суннатҳои фарҳангии Наврӯз; Тараннуми Наврӯз дар адабиёти ҷаҳон ва мусиқии Роҳи Абрешим аз нигоҳи сулҳ.
Забонҳои кории симпозиум тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд.








12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд






