Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Март 20, 2016 17:57

Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ “Ховар”). Дар нимаи дуюми рӯзи 20 марти соли равон бо ташаббуси ҷониби Афғонистон суҳбати телефонии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя ҳамдигар ва мардумони кишварҳояшонро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуданд.

Ҳангоми суҳбат ҷонибҳо ҳолати имрӯзаву дурнамои робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон ва иштирок дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ  дар тарҳи дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ – КАСА-1000  даъват ба амал овард. Раисҷумҳури Афғонистон ин даъватро бо хушӣ пазируфт.

 

Март 20, 2016 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд