Табрикоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи матбуот

Март 11, 2016 16:01

Душанбе, 10.03.2016.(АМИТ Ховар).- Қаламбадастони арҷманд!
Рӯзноманигорони азиз!
Ифтихормандам, ки Шуморо ба муносибати иди касбиатон, ки ба баҳори нозанин рост омадааст, самимона таҳният мегӯям.
Дар тамоми давру замон мақом ва нақши рӯзноманигорон ҷойгоҳи хосаеро дар байни ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон вобаста ба интишор намудани хабар ва маводи таҳлилие, ки боиси баланд гардидани маърифатнокию маълумотнокии онҳо мегардид, соҳиб буд. Бо пешрафти илму техника ва васеъ гардидани имкониятҳо дастрасии ҷомеа ба иттилоот рӯз то рӯз васеъ гардида истодааст, ки ин барои роҳ ёфтани эҳтирому манзалати рӯзноманигор аз ҷониби хонанда ва барои дарёфт намудани хонандаи худ як саҳифаи наверо боз намуд. Рӯзноманигорони асиле, ки дар давраи фаъолияти шахсӣ барои манфиати ҷомеа, давлат ва миллати худ саҳми муносибе гузоштаанд, то кунун дар саҳифаҳои таърих номашон вирди забонҳост.
Килкбадастони азиз!
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамчун пешбарандаи сиёсати се самти муҳими ҳаёти ҷавонон, варзишгарон ва сайёҳон аз рӯзҳои аввали фаъолият бо такя ба маҳорату малака ва муносибатҳои беғаразонаи рӯзноманигорон барои инъикоси фаъолият фазои муносиберо барои ҳамкорӣ бо онҳо муҳайё намудааст, ки он то ба имрӯз боиси қаноатмандист.
Ҳамзамон кумита барои ҳавасмандгардонии рӯзноманигорон ва устувор гардонидани робитаи ҳамкорӣ Ҷоизаи кумитаро дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ ба роҳ мондааст, ки то имрӯз даҳҳо рӯзноманигорони ҷавон сазовори ин ҷоиза гардидаанд. Дар ин баробар ҳамасола чандин чорабинӣ ва барномаҳо, аз ҷумла мусобиқаҳои варзишӣ байни воситаҳои ахбори омма амалӣ мегарданд.
Воқеан дар даврони истиқлолият нақши матбуот дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои 25- сола ва тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастию меҳандӯстӣ калон аст. Рӯзноманигорон бо қалами бурро ва созандаи худ дар пешрафту шукуфои кишвари азизамон саҳми муносиб гузошта, барои пойдории сулҳу субот ва арзиши Истиқлолият матлабҳои сершумор ба табъ мерасонанд. Бошад, ки ин анъанаи наку давомдор ва ба нафъи миллату ҷомеаи тоҷик бошад.
Рӯзноманигорони азиз!
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати иди касбиатон — Рӯзи матбуот табрику таҳният гуфта, ба Шумо қабл аз ҳама қалами буррою созанда ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору муваффақият хоҳонам.

Март 11, 2016 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад