Талоши кишоварзон барои таъмини амнияти озуқавории кишвар
Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ бо дарки амиқу ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандўстӣ аз дастуру супоришҳои ҳамешагии Сарвари давлат рўҳу илҳоми тоза гирифта, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ва пурнозу неъмат гардонидани дастурхони аҳолӣ тамоми ҷидду ҷаҳди худро равона намудаанд,-гуфт вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз.
Вазир оид ба аҳамияти таърихии ҷашни Наврўзи бостон, эҳёи табиат ва оғози кишту кори марди деҳқон, суннатҳои ҷашнгирии Наврўз, ҷойгоҳи он дар арсаи байналмилалӣ, ки аз моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифта буд, ёдовар шуд. Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодиамон-Наврўзи дилафрўз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми кишту кори марди деҳқон бо шукўҳу шаҳомати хосса дар ҷумҳурии азизамон таҷлил мегардад.








Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд






