Тасмими нав дар ФИФА
Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Роҳбарияти Федератсияи байналмилалии футбол ФИФА нақша дорад, ки даҳҳо миллион доллари дар натиҷаи амалҳои ришваситонӣ ба ҷайби собиқ намояндагони ин ниҳод ва дигар созмонҳои соҳаи футбол рафтаро баргардонад. Масъалаи мазкур, ки ба суроғаи ҳукуматдорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равона шудааст, дар он дар хусуси собиқ 41 корманди федератсия сухан меравад. Тибқи маълумоти мақомоти қудратии Амрико собиқ кормандони Федератсияи байналмилалии футбол дар натиҷаи амалҳои ришваситонӣ 200 миллион долларро аз худ кардаанд. Акнун роҳбарияти нави созмон тасмим дорад, ки тавассути додгоҳ ҳамаи ин маблағҳоро баргардонад. Президенти нави Федератсияи байналмилалии футбол — Ҷанни Инфантино изҳор намуд, ки новобаста аз гузашти вақт ҳамаи маблағҳои рабудашударо бозпас мегардонад. Баъди тафтишоти тӯлонӣ Федератсияи байналмилалии футбол эътироф кард, ки зимни овоздиҳӣ барои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар солҳои 1998-2010-ум кишварҳои мизбон барои соҳиб шудан ба овози намояндагони созмон ришва додаанд. Аз ин хотир, роҳбарияти Федератсияи байналмилалии футбол ба ҳукуматдорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муроҷиат кард, ки ҳодисаҳои ҷой доштани амалҳои ришваситониро тафтиш ва гунаҳгоронро муайян намояд. Баъди ду ҳафтаи ба мақоми роҳбари Федератсияи байналмилалии футбол пазируфта шуданаш Ҷанни Инфантино аз роҳбарони собиқ тақозо намуд, ки барои амалҳои худ дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Ҳоло нисбат ба Франсия ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 1998 бештар шубҳа пайдо шудааст. Дар масъалаи Африқои Ҷанубӣ мақомоти қудратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико далелҳои шайъие дар даст доранд, ки барои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2010 ҳукуматдорони ин кишвари африқоӣ 10 миллион доллар пора додаанд. Бузургтарин моҷарои ришваситонӣ дар таърихи фаъолияти Федератсияи байналмилалии футбол аз 27-уми майи соли гузашта дар шаҳри Сюрихи Швейтсария сар зад. Дар ин ҷо амалиёте гузаронда шуд, ки зимни он 7 намояндаи воломақоми Федератсияи байналмилалии футбол бо гумони даст доштан дар амалҳои ришваситонӣ боздошт гардид. Дар баробари ин кормандони мақомоти полиси Швейтсария нисбат ба чанд тан аз ташкилкунандагони маросими интихоби кишварҳои баргузоркунандаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар солҳои 2018-2022 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Амалиёти дуюми боздошти намояндагони федератсия 3-юми декабри соли гузашта сурат гирифт. Дар натиҷа роҳбари Федератсияии футболи Гондурас Алфред Хавит ва сардори Федератсияи футболи кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ — Хуан Анхел Напоут боздошт гардиданд.








СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд






