Тими “Тараблус”(Триполӣ)- рақиби навбатии “Истиқлол”
Душанбе, 3.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 8 март чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар дуввумин дидори гурӯҳи “Б”-и Ҷоми КФО бо тими “Тараблус”(Триполӣ)-и Лубнон дар варзишгоҳи миллии Тараблус қувва меозмояд. Аз ин рӯ мо хонандагони худро бо ин клуб аз наздик шинос мекунем.
Клуби футболи “Тараблус” соли 2000 бо номи “Олимпик Бейрут” таъсис ёфта, дар мусобиқоти Лубнон ширкат кардааст ва соли 2003-ум ба гирифтани унвони чемпионии ин кишвар сазовор гардидааст.
Баъди он, ки даста ба азимати молиявӣ рӯ ба рӯ шуд, макону варзишгоҳи ҳунарнамоиашро аз пойтахт- шаҳри Бейрут ба Тараблус иваз кард ва номаш ҳам тағйир ёфт. Даста ҳоло номи “Тараблус Арриёзия”ё худ клуби варзишии “Тараблус”-ро ба худ ихтисос додааст. Ғунҷоиши варзишгоҳаш барои 18 000 тамошобин пешбинӣ гардидааст.
“Тараблус” солҳои 2009 то 2011 аз Премйер -Лига ба Лигаи дуввум сарозер шуд ва баъди аз нав ба қатори дастаҳои Премйер -Лига баргаштанаш соли гузашта мақоми 4-умро соҳиб шуд. Дар ҳамин сол Ҷоми Ассотсиатсияи футболи Лубнонро низ ба даст оварда, ҳуқуқ пайдо намуд, ки дар мусобиқоти Ҷоми КФО иштирок кунад.
Дар бозии таснифотии пеш аз гурӯҳӣ моҳи гузашта “Тараблус” бо тими “Алай”-и Қирғизистон қувва озмуда, бозиро бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ҷамъбаст кард ва тибқи низомнома барои муайян кардани ғолиб силсилаи зарбаҳои пеналтии баъди бозӣ таъйин шуданд. Дар натиҷа тараблусиҳо бо натиҷаи 7 бар 6 пирӯз гардида, ба гурӯҳи “Б” шомил шуданд ва якҷоя бо дастаҳои “Истиқлол”, “Нафт Алвасат” ва “Алфайсалӣ” дар паи мубориза барои Ҷоми КФО мебошад.
Дар бозии аввали гурӯҳӣ “Тараблус” аз “Нафт Алвасат” бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб шуд ва ин ягона гол дар дақиқаи 90-уми бозӣ вориди дарвозаи лубнониҳо гардид.
“Тараблус” дар бозиҳои Ҷоми КФО соли 2004 низ ширкат кардааст ва ба бозиҳои 1/4 ниҳоӣ роҳхат гирифтааст.
Ба ин даста Низор Ҳомид Маҳрус тамрин медиҳад.








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






