Тоҷикистону Покистон ҷинояткоронро истирдод менамоянд

Март 30, 2016 15:00

Душанбе, 30.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Тоҷикистон ва Покистон муборизаро дар самти ҷинояткорӣ тақвият мебахшанд. Дар ин росто 30 март вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдодро ба тасвиб расонданд.
Абдураҳмон Аламшозода-муовини аввали вазири корҳои дохилии кишвар дар назди вакилони Парлумон моҳият ва зарурати санади мазкурро тавзеҳ дода гуфт, ки ҳадафи ин санад тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, ки дар қаламрави давлатҳо ҷиноят содир намуда, паноҳ мебаранд, равона гардидааст. Санади мазкур истирдод намудани ҷинояткоронеро пешбинӣ менамояд, ки қонунгузории тарафҳо нисбат ба шахси истирдодшаванда барои содир намудани амалҳои террористӣ, куштор, одамрабоӣ, гаравгон гирифтан ва дигар ҷиноятҳо, ки на камтар аз як сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро татбиқ карда бошанд. Тибқи шартномаи мазкур истирдод нисбат ба шахсе амалӣ намешавад, ки ҷинояти содирнамудаи ӯ дорои хусусияти сиёсӣ бошад. Тасдиқи санади мазкур аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории ду кишвар дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва истирдоди ҷиноткорон заминаи ҳукуқӣ фарорҳам меорад. Бояд тазаккур дод, ки санади мазкур 12 ноябри соли 2015 дар Исломобод ба имзо расидааст.
Ҳамзамон зимни баррасӣ ва қабули ин шартнома Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон аз таҳсили иддае аз ҷавонони тоҷик дар мактабҳои ғайрирасмии Покистон изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки алҳол дар мадрасаҳои ғайрирасмии Покистон, хусусан дар Вазиристони Шимолӣ беш аз сад нафар толибилмони тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон ба манфиат аст, зеро ин ҷавонон набояд ба доми гурӯҳҳои террористию ифротӣ афтида, қурбони мағзшӯии ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ гарданд,- афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Март 30, 2016 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд