Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд

Ноябрь 20, 2026 13:29

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ, ки барои иштирок дар чорабиниҳои иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон омадаанд, мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар додааст.

Дар ҳайати роҳбарони парлумонҳо — иштирокчиёни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода низ ҳузур дорад.

Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов фаъолияти бисёрсолаи Ассамблеяро дар самти ташаккули заминаи қонунгузорӣ таъкид намуд. Пешвои миллии халқи туркман нақши вакилони парлумонро дар фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои рушди ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи баробарҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ кард.

Пешвои миллии халқи туркман омодагии давлати худро барои идомаи ҳамкории муштарак бо Ассамблея тасдиқ намуд.

Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов зимни муроҷиат ба намояндагони ҳайатҳо робитаҳои бисёрсолаи Туркманистонро бо ин давлатҳо ва лоиҳаҳои муштараки амалишуда махсус таъкид намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2026 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд