З. Одинаева: Мақсад-муттаҳид кардани фаъолияти бюроҳои қарзӣ дар минтақа

Март 11, 2016 15:37

Душанбе, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Лоиҳаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳкими зербинои молиявӣ дар Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ACAFI) бо дастгирии ҳукумати Швейтсария аз соли 2009 ба Тоҷикистон дар беҳбуди низоми маблағгузорӣ дар рушди тиҷорати хурду миёна, тавсеаи дастрасӣ ба қарзҳо бо мақсади ҳавасмандсозии минбаъдаи онҳо кумаки худро мерасонад. Коршиносони бонк аз ҳадафҳои лоиҳа бобати бунёди низоми зербинои молиявӣ ва дастовардҳои Лоиҳаи саводноккунии молиявии аҳолӣ низоми муомилоти таъминшуда ва тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузории тиҷорати хурду миёна, лоиҳаи қонунҳои таҳияшуда барои фаъолияти пурсамари низоми гарави амволи манқулро натиҷагирӣ намуданд. Бино ба гуфтаи менеҷери лоиҳа оид ба таҳким бахшидан ба инфрасохтори молиявӣ дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ Заррина Одинаева марҳилаи сеюми ин лоиҳа дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид, ки тамоми фаъолияти лоиҳа бевосита ба таҳким бахшидан ба низоми мубодилаи маълумот, таърихи қарз ва инчунин муттаҳид кардани фаъолияти бюроҳои қарзӣ дар минтақа зери як ассотсиатсия ё ҷодаи касбӣ мебошад.
«Ҳадафи дигари лоиҳа ин таҳким бахшидан ба низоми иттилоот вобаста ба доду гирифтест, ки гарав талаб карда мешавад. Инчунин яке аз самтҳои фаъолияти лоиҳа ин таҳким ва ислоҳоти қонунгузорӣ вобаста ба истифодаи моликияти манқул ба сифати гарав аз ҷониби соҳибкорони хурду миёна мебошад»,-илова намуд Заррина Одинаева.
Бо дастгирии Бонки миллӣ, Ҳукумати ҶТ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилоти қарзии хурд, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилоти қарзии хурди ҷумҳурӣ дар бунёди зербинои молиявӣ барои роҳандозии низоми табодули маълумоти қарзӣ, амалиёт зери гарави амволи манқул, барномаи саводнокии аҳолӣ дар масоили молия натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, ҳамаи ин тадбирҳо ба васеъ кардани имконоти дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар кишвар равона шудаанд.
Таҳияи Лайло Тоирӣ

Март 11, 2016 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад