28-апрел: Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

Апрель 28, 2016 13:47

Душанбе, 28.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат имрӯз, 28 апрел  дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии гурўҳи кории машварати сетарафа ҷиҳати мониторинги «Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015 — 2017» баргузор гардид.
Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода ёдовар шуд, ки дар барномаи ҳамкории зикршуда масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳогузорӣ дарҷ гардиданд.
Самаранокии фаъолияти Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта  шуда, неруи шарикони сетарафа оид ба ислоҳоти сиёсат ва низоми музди меҳнат тавассути муколамаи иҷтимоӣ зиёд гардида, ба ҳамкорӣ ҷиҳати башаклдарории шуғлнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ тақвият бахшида мешавад,- илова намуд Э.Сангинзода.
Ҳамоҳангсози миллии ТБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Аминов вобаста ба натиҷагирии фосилавии ҷараёни иҷрои «Барномаи ҳамкорӣ  байни  шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТБМ оид ба меҳнати арзанда дар солҳои 2015-  2017»  сухан кард.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд,  натиҷаҳои асосии бадастомада дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳо оид ба барҳам додани меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти ҳифзи меҳнати кормандон («Стресс дар ҷойи кор») мавриди баррасӣ ва муҳокимаи шарикони сетарафа қарор дода шуд.

Апрель 28, 2016 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад