Ҳафтаи конфронсҳои илмӣ ба ифтихори Рӯзи илми тоҷик
Хуҷанд, 12.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи илми тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳафтаи конфронсҳои илмӣ доир мегардад. Тибқи иттилои сардори раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ Баҳром Мирсаидов, чорабинии мазкур аз 14 то 21 апрел сурат гирифта, мутобиқи мундариҷаи барнома маҷлису машваратҳои илмӣ дар 139 бахш, аз ҷумла 62 бахши устодону олимони ҷавон, 18 бахши магистрантон ва 59 бахши донишҷӯён баргузор мешаванд.
Дар тӯли як ҳафта 1323 маърӯза барои таҳлилу баррасии илмӣ пешбинӣ мешавад.