Ҷамоати деҳоти Тусиён ба бинои нав мекӯчад

Апрель 15, 2016 08:41

Роштқалъа, 15.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо маблағгузории шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барои кормандони ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа бинои нави дуошёна бунёд карда мешавад.
Муҳандиси сохтмони мазкур Парпишо Носиров гуфт, ки барои пурра мавриди истифода қарор додани сохтмони мазкур 4 миллион сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ ҷудо шудааст ва тасмим гирифтем, ки рӯзи 24 июни соли равон, яъне дар арафаи 19- умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ онро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.
Бино аз 18 утоқи корӣ, даҳлези калон ва маҷлисгоҳ иборат аст.Дар айни ҳол коргарон охирин корҳои сохтмониро ба итмом мерасонанд ва баъдан ба ободу сабзазоркунии атрофи бино оғоз менамоянд.

Апрель 15, 2016 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад