«Андалеб-2016» : Донишкадаи политехникӣ соҳиби 100,9 хол гардид

Апрель 26, 2016 17:03

Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина дарёфти соҳибистеъдодҳои ҷавон, беҳтарин ҳунармандон, тарғибу ташвиқи  дастовардҳои Истиқлолият, эҳё ва тарғиби санъати ниёгон ва муосир дар байни ҷавонон соли сеюм аст, ки дар миқёси кишвар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» доир мегардад.
Чанд рӯз пеш дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни вилоятии «Фурӯғи ҷавонӣ» миёни 4 факултаи донишкада сурат гирифт.
Дар фестивал- озмуни «Андалеб-2016» беҳтарин донишҷӯёни ҳунарманди донишкада аз рӯи шартҳои намоиши ҳунарҳои миллӣ, рақси якка, навозиш бо ин ё он асбоби мусиқӣ, суруди якка, намоиши либосҳои занона ва мардонаи миллӣ, суруди халқӣ, намоиши тӯйи арӯсӣ, иҷрои суруд дар жанри мусиқии «Шашмақом», саҳнаи рақсию овозӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ маҳорат ва малакаи худро нишон доданд.
Ҳайати ҳакамон ба ҳунарнамоии донишҷӯён баҳои баланд доданд. Махсусан ба аҳли нишаст намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки маҳсули дастони худи донишҷӯён буд, ҳамчунин саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди зарафшонӣ, навозиш бо най, рақси якка, саҳнаи рақсӣ — овозӣ писанд омад. Дар ҷамъбаст  ҳунармандони донишкада 100, 9 холро ба даст оварданд, ки ин дар қиёс бо ғолиби «Андалеб»-и соли гузашта хеле баланд аст.

Апрель 26, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд