«Арӯси Зарафшон» ба Бадахшон меравад

Апрель 9, 2016 08:57

Хоруғ, 9.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрели соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ барномаи адабию мусиқии ҳунармандони вилояти Суғд бо номи «Арӯси Зарафшон» баргузор мегардад.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоии дастгоҳи раиси вилоят Азорабек Мирзобеков ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар ҳайати ин гурӯҳ адибон, рассомон ва устоҳои халқӣ, ошпазон шомиланд. Рўзҳои фарҳангии вилояти Суғд 25 апрел аз баргузории маҳфилҳои адабӣ ва мулоқоту дидорбинӣ бо сокинони ноҳияи Дарвоз оғоз мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, пас аз рӯзҳои фарҳагии Суғд дар вилояти Бадахшон баргузории конфронси илмӣ таҳти унвони «Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» дар назар аст.

Апрель 9, 2016 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд