Ба таълиму тарбия диққати ҷиддӣ бояд дод-бардошт аз вохӯрӣ
Роғун, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси суди шаҳри Роғун дар мактаби таҳсилоти умумии № 2 бо омӯзгорону хонандагон вохӯрӣ баргузор гардид.
Кормандони суди шаҳри Роғун дар вохӯрии мазкур оид ба Паёми Сарвари давлат, раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия сухан гуфтанд. Ҳамчунин парвандаи маъмурии чаҳор нафар волидайн дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар оянда низ баргузории чунин вохӯриҳои судманд аз тарафи масъулини суди шаҳри Роғун идома хоҳанд ёфт.