Баргузории 1129 маъракаю маросимҳои мардумӣ дар Панҷакент

Апрель 23, 2016 10:49

Панҷакент, 23.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли равон дар шаҳру деҳоти Панҷакент 1129 маъракаю маросимҳои мардумӣ баргузор шудаанд.
Аз ҷумла, 124 хатнасур, 670 тӯйи домодию арӯсӣ, 179 маросими чил ва 156 маъракаи сол баргузор шуда, барои доир намудани ин миқдор маъракаҳо 4 615 064 сомонӣ маблағ масраф гардидааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака 4088 сомонӣ рост меояд.
Аз ҷониби комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба муроҷиаткунандагон пайваста оид ба баргузории маъракаҳо, мафҳуму моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаҳмонида мешаванд.
Ҳамчунин дар ин муддат  ҳангоми гузаронидани санҷишҳои назоратӣ баргузории маърака ва маросимҳо 6 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шуда, нисбат ба вайронкунандагони қонун санади вайронкунии ҳуқуқи  маъмурӣ тартиб дода шуд.

Апрель 23, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад