Баргузории 1129 маъракаю маросимҳои мардумӣ дар Панҷакент
Панҷакент, 23.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли равон дар шаҳру деҳоти Панҷакент 1129 маъракаю маросимҳои мардумӣ баргузор шудаанд.
Аз ҷумла, 124 хатнасур, 670 тӯйи домодию арӯсӣ, 179 маросими чил ва 156 маъракаи сол баргузор шуда, барои доир намудани ин миқдор маъракаҳо 4 615 064 сомонӣ маблағ масраф гардидааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака 4088 сомонӣ рост меояд.
Аз ҷониби комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба муроҷиаткунандагон пайваста оид ба баргузории маъракаҳо, мафҳуму моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаҳмонида мешаванд.
Ҳамчунин дар ин муддат ҳангоми гузаронидани санҷишҳои назоратӣ баргузории маърака ва маросимҳо 6 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шуда, нисбат ба вайронкунандагони қонун санади вайронкунии ҳуқуқи маъмурӣ тартиб дода шуд.








Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






