Баррасии вазъи сиёсию низомии Афғонистон дар АИ ҶТ

Апрель 26, 2016 10:06

Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар/. «Вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносибати Тоҷикистону Афғонистон»- таҳти чунин унвон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои котиби матбуотии академия Шервони Умриддин дар конфронс масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, идораҳои марбутаи давлатӣ ва сафирону намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ иштирок доштанд.
Президенти  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ зикр намуд, ки дар кишвари ба мо ҳамсарҳад-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мутаассифона, дар давоми 37 сол нооромии сиёсӣ ҳукмфармост. Масъалаи амният ва оромиву осудагии Афғонистон яке аз масъалаҳои хеле муҳим буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин масъала бетараф нест.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Абдулғафур Орзу зикр намуд, ки дар вазъи ҳалли қазияи сиёсии Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд саҳмгузор бошанд. Бояд иқрор кард, ки агар ҷисман гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» аз ҷониби неруҳои ҳарбии Федератсияи Русия маҳв шуда бошад, аммо идея ва идеологияи он дар мафкураи баъзе инсонҳо боқӣ мондааст.
Сардори  Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Ғоибов, мудири Маркази таҳлил ва ояндабинии «Отрытый мир» (Қазоқистон) Олжас Сулеймонов, муовини директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сафолзода, сардори шуъбаи Ситоди генералии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Хуршед Шозедов ва дигарон дар мавриди вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносибати Тоҷикистону Афғонистон ҳарф заданд.

Апрель 26, 2016 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад