Баррасии вазъи сиёсию низомии Афғонистон дар АИ ҶТ
Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар/. «Вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносибати Тоҷикистону Афғонистон»- таҳти чунин унвон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои котиби матбуотии академия Шервони Умриддин дар конфронс масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, идораҳои марбутаи давлатӣ ва сафирону намояндаҳои корпусҳои дипломатӣ иштирок доштанд.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ зикр намуд, ки дар кишвари ба мо ҳамсарҳад-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мутаассифона, дар давоми 37 сол нооромии сиёсӣ ҳукмфармост. Масъалаи амният ва оромиву осудагии Афғонистон яке аз масъалаҳои хеле муҳим буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин масъала бетараф нест.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Абдулғафур Орзу зикр намуд, ки дар вазъи ҳалли қазияи сиёсии Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд саҳмгузор бошанд. Бояд иқрор кард, ки агар ҷисман гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» аз ҷониби неруҳои ҳарбии Федератсияи Русия маҳв шуда бошад, аммо идея ва идеологияи он дар мафкураи баъзе инсонҳо боқӣ мондааст.
Сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Ғоибов, мудири Маркази таҳлил ва ояндабинии «Отрытый мир» (Қазоқистон) Олжас Сулеймонов, муовини директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сафолзода, сардори шуъбаи Ситоди генералии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Хуршед Шозедов ва дигарон дар мавриди вазъи сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои муносибати Тоҷикистону Афғонистон ҳарф заданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






