Беҳтарин «Мураббии сол» муайян шуд
Хоруғ, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Ба марҳилаи ниҳоии озмуни «Мураббии беҳтарини сол» дар кӯдакистони рақами чоруми шаҳри Хоруғ чаҳор нафар аз мураббиёни кӯдакистонҳои шаҳр ҳаққи ширкат пайдо карданд.
Корманди масъули шуъбаи маорифи шаҳр Халил Қурбонмамадов гуфт, ки ҳадафи озмун ташвиқи ҳарчӣ бештари истифода аз навгониҳои соҳаи маориф аст. Олимони риштаи маориф рушди барвақтии кӯдаконро яке аз омилҳои муҳими ба воя расидани кадрҳои болаёқат ва боистеъдод мешуморанд. Аз ин рӯ ҳоло дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят муассисаҳои таълимии томактабӣ фаъолият доранд.
Дар чунин муассисаҳо бояд мураббиҳои навовар, эҷодкор ва донандаи забонҳои русию англисӣ кор кунанд.
Мақсади озмун бедор кардани ҳисси масъулият дар ниҳоди мураббиҳо мебошад. Мураббии кӯдакистони рақами яки шаҳр Ганҷина Хуморикова бо тарзу усулҳои шавқовар ва барои кӯдакон муфид, ҳамчунин посухҳои дуруст ба суолҳои ҳакамон тавонист мақоми аввалро аз худ кунад.
Аъзои ҳакамон бо як овоз ин мураббиро ғолиби озмуни «Мураббии беҳтарини сол» эълон намуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






