БМТ: Ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда

Апрель 11, 2016 15:06

Душанбе, 11.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Роҳбари Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравии мазкур Маҳмадалӣ Ватанзода дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Комиссияи номбурда бо мақсади ҳамоҳанг намудани иқдому талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои маҷмӯӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2013 ташкил карда шудааст.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аъзои Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ, ки аз масъулини вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иборат аст, масъалаҳои идомаи «Барномаи баҳодиҳии хавфи миллӣ», кумаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ дар самти «Баҳодиҳии хавфҳо оид ба дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ», омода намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи 2-юми баҳодиҳии тарафайни Гурӯҳи Авруосиё, «Консепсияи стратегияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», масъалаи дастрасии Департаменти мониторинги молиявӣ ба пойгоҳҳои мақомоти давлатиро мавриди муҳокима қарор дода, дархосту пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Апрель 11, 2016 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд