БМТ: Панҷ ташкилоти қарзии хурд муттаҳид шуданд

Апрель 13, 2016 09:19

Душанбе, 13.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва бинобар иҷро карда натавонистани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”, бо қарори навбатии худ аз 11 апрели соли равон барои азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавии ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир”, ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ «Шурообод” ба дархости онҳо ризоият дод.
Дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ «Шурообод”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир” уҳдадор карда шуд, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ дар мақомоти масъул нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Тибқи қарори мазкур, ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ «Шурообод”аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.

Апрель 13, 2016 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд