Бояд аз имконият барои таълиму тарбия босамар истифода намуд

Апрель 26, 2016 10:01

Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Ҳолати  имрӯзаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, вазъи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, роҳҳои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҷомеа, инчунин масоили марбут ба раъйпурсии умумихалқӣ   дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати кишвар  зимни мулоқот бо устодону донишҷӯён  баррасӣ гардид.  Дар он масъулини Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф ва илм ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иштирок намуданд.
Ректори  донишкада, профессор Қодирзода Диловар Баҳриддин  атрофи тадбирҳои пайвастаи роҳбарияти донишкада ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни донишҷўёну хонандагон, омодагии участкаи раъйпурсии дар назди донишкада амалкунанда ба раъйпурсии умумихалқӣ  ҳарф зад.
Сардори  раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон роҷеъ ба вазъи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, роҳҳои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонону наврасон гуфт, ки соли равон ҷинояту ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон ба маротиб кам шудааст, вале он моро қонеъ карда наметавонад. То ҳол баъзе  ҳамватанони мо дар набардҳои Сурияву Ироқ иштирок менамоянд, ки ин боиси нигаронист. Ин  ҳолат гувоҳи беандешагӣ ва дорои маърифати пасти сиёсӣ будани нафаронест, ки дар ин набардҳои бемаънӣ иштирок мекунанд.
Мақсади мулоқот ба ҷавонон фаҳмонидани оқибатҳои гаравиш ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ва пешгирии раванди шомилшавии онҳо ба ин гурӯҳҳо арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки имрӯз вақти он аст, ки ҷавонону наврасони мо аз имкониятҳои барои таълиму тарбия фароҳам сохтаи давлату ҳукумати мамлакат босамар истифода намоянд, маърифату маънавиёти худро комил созанд ва дар оянда ҳамчун шахси неку соҳибмаърифат ва мутахассиси варзидаи ҷомеа соҳиби эътибору обрӯ гарданд.

Апрель 26, 2016 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад