Бунёди 2 бинои нави истиқоматӣ дар Қурғонтеппа

Апрель 1, 2016 15:06

Қӯрғонтеппа, 01.04.2016. (АМИТ «Ховар). Дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Қурғонтеппа 2 бинои нави истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими супоридани биноҳои истиқоматӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси шаҳри Қурғонтеппа Амирулло Асадулло ширкат варзиданд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа иттилоъ доданд, ҳарду бино дар маркази шаҳр ҷойгир буда, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд ва ба талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯ мебошанд.
То ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қурғонтеппа 17 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад.

Апрель 1, 2016 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад