Чаро тамғагузории маҳсулоти ғизоӣ риоя намегардад?
Душанбе, 20.04.2016. /АМИТ Ховар/. Дар асоси талаботи низомномаҳои техникӣ молу маҳсулоте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, бояд дар тамғагузориашон маълумот бо забони давлатӣ низ дошта бошанд. Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, ки мутаассифона, ин талабот аз ҷониби баъзе молворидкунандагон риоя карда намешавад, ки он боиси ба иштибоҳ афтодани истеъмолкунандагон мегардад. Дар борҷомаи маҳсулот аксар маврид маълумот дар бораи мол бо забони кишвари молистеҳсолкунанда навишта шудааст. Хусусан молу маҳсулоте, ки аз Эрон, Чин, Туркия ва дигар давлатҳо ворид карда мешаванд, дар аксари ҳолат яке аз талаботи низомномаҳои техникӣ- тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ риоя намегардад ва дар борҷомаи мол навиштаҷот доир ба маҳсулот бо забонҳои туркию чинӣ ва ҳуруфоти форсӣ сабт гардидааст, ки ин навиштаҳо барои истеъмолкунандагон- шаҳрвандони кишварамон фаҳмо нестанд. Ҳатто кормандони Агентии «Тоҷикистандарт» ҳолатҳоеро ошкор намудаанд, ки дар тамғагузорӣ номи як маҳсулот ва дар борҷома дигар навъи маҳсулот ҷойгир карда шудааст, ки ин рӯирост фиреб намудани истеъмолкунандагон аст. Ё вазни маҳсулот ба вазни дар тамға нишондодашуда, дар мисоли чой мутобиқат намекунад. Чунин ҳолат дар борҷомаи маҳсулоти хӯрокворие, ки аз Эрон ворид карда шудааст, ҷой дорад.
Масъулини Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯянд, ки барои аз байн бурдани чунин камбудиҳо бо соҳибкорони ватанӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо дар мавриди воридоти молу маҳсулот ва ҳангоми тамғагузории маҳсулот пешниҳоди маълумот оид ба маҳсулоти хӯрокӣ бо забони давлатӣ тавсия ва маслиҳатҳо дода шудаанд. Ба роҳ мондани чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни соҳибкорон аллакай натиҷаи хуб ба бор овардааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон низомномаи техникӣ қабул карда шудааст, ки яке аз талаботи ҳатмии он тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






