Хоруғ, 12.04.2016 /АМИТ»Ховар»/. Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бинои нави хуштарҳу зебо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин бино барои кормандони Хоҷагии манзилию коммуналӣ пешбинӣ шуда, аз ду ошёна ва 18 утоқи корӣ иборат аст. Муҳандиси сохтмон Мерганд Ҳокимбеков гуфт, ки сохтмони биноро ҶДММ «Худоёрбек» бар дӯш дорад ва барои бунёди он 4 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Аксарияти бинокорон сокинони маҳаллӣ буда, аз соли 2013 инҷониб машғули кор мебошанд. Ба гуфтаи бинокорон, онҳо кӯшиш мекунанд, ки калиди иморатро дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба дасти кормандони Хоҷагии манзилию коммуналӣ супоранд.
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Шуғнон дар давоми мавҷудияти худ маркази маъмурӣ надошт ва танҳо бо ибтикору дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатии кишвар имкон пайдо кард, ки соҳиби марказ шавад.