Дар Тоҷикистон Маркази ҷамъу васли тракторҳои «Беларус» бунёд меёбад
Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи X Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, 11 масъала дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, сохтмон, энергетика, алоқа, тандурустӣ, илм, маориф, дастгирии тиҷорати хурду калон ва сармоягузорӣ ва ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласаи Комиссия зарурати фаъолгардонии ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро барои таъмини рушди тиҷорати мутақобила дар соли 2016 низ муҳим арзёбӣ намуд. Комиссия пешниҳод намуд, ки муҳиммияти иҷрои масъалаҳоро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ дар сатҳи баланд идома диҳанд.
Инчунин ба сифати самтҳои афзалиятнок комиссия рушди ҳамкорӣ дар самтҳои кишоварзӣ, хӯрокӣ ва саноати сабук, мошинсозӣ (интиқоли техникаҳои боркаш ва сохтмонӣ, ташкили истеҳсоли ҷамъу васли мошинолот ва трактори «Беларус»), ҳамкории молиявии лизингӣ, соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, рушд ва мустаҳкам намудани ҳамкории минтақавиро ба мақсад мувофиқ шуморид.
Тарафҳо рушди соҳаи кишоварзиро ҳамчун соҳаи афзалиятноки шарики рушд шумориданд ва дар оянда рушд додани ҳамкории самарабахшро бо Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус, консерни «Белгоспишепром», дар бахши тухмипарварӣ ва чорводорӣ маъқул намуданд.
Ҳамзамон комиссия идома додани ҳамкории дуҷонибаро дар самти таъминоти техникаи Беларус ба Тоҷикистон зарур шуморида, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Беларус, ҶСК «Заводи тракторбарории Минск»-ро вазифадор намуд, ки ҳамкории самарабахшро оид ба бунёди маркази ҷамъу васли тракторҳои «Беларус» дар Тоҷикистон вусъат диҳанд.
Дар айни замон барои ҳамкорӣ миёни вилояти Суғд ва минтақаи Витебск, Суғд ва минтақаи Минск, Ёвон ва шаҳри Узден, шаҳрҳои Хуҷанд ва Могилёв созишномаҳо ба имзо расидаанд. Инчунин ба бастани чунин созишномаҳо байни дигар минтақаҳои Беларус ва Тоҷикистон мароқ зоҳир гардид.
Дар охири кори ҷаласа Протокол оид ба густариши ҳамкории минбаъда ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки ҷаласаи XI Комиссия дар Ҷумҳурии Беларус баргузор карда шавад.








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






