Дастгир гардидани гумонбарон дар ҷинояти дуздӣ
Душанбе, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба мақомоти милитсия зани 44-солаи шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 8650-сомонӣ маблағи пулӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 24570-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Кормандони милитсия ҷавондухтари 17-сола, сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Зимни гузаронидани як чорабинии фаврии дигар зани 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони дуздӣ дастгир гардид. Муайян шуд, ки гумонбаршуда 27-уми марти соли равон тариқи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии зани 34-солаи ноҳияи Ҳисор ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 23400-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






