Гурӯҳи соҳибкорони бонуфузи туркӣ ба Душанбе меояд
Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрели соли равон вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги миллии Туркия бо роҳбарии раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Туркия ва Тоҷикистон ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара ташриф оварданд.
Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон Фаррух Шарипов ба вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги миллии Туркия оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ, масъалаҳои обӣ-энергетикӣ, фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳмет Алӣ Ҷавҳарӣ аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дар рушди ҳамкории дуҷониба мусоидати гурӯҳии дӯстиро баён кард.
Меҳмет Алӣ Ҷавҳарӣ иттилоъ дод, ки дар моҳҳои наздик гурӯҳи соҳибкорони бонуфузи туркӣ ҷиҳати шиносоӣ бо лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунанд.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






