Хатнасури 120 нафар кӯдак дар шаҳри Ҳисор
Душанбе, 11.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони маҳаллӣ хатнасури 120 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардида, ба онҳо либос ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста зарурати дастгирии камбизоатону ниёзмандонро таъкид менамояд, роҳандозӣ шудааст.