Хатсайри нахустини Душанбе-Пекин 2 май фаъол хоҳад гашт
Душанбе, 25.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Масъалаи ифтитоҳи хатсайри Душанбе- Пекин- Душанбе ва масоили тадорукотӣ зимни вохўрии роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» бо намояндагони Бюрои сайёҳии ноҳияи худмухтори Синтсзян ва корпоратсияи «JIRUIXIANG»-и Ҷумҳурии мардумии Чин дар Душанбе баррасӣ гардид.
Қарор аст парвози нахустин дар хатсайри Душанбе — Пекин 2 май анҷом дода шавад. Парвозҳо тавассути ҳавопаймои «Боинг 757» ҳафтае як маротиба рўзҳои Душанбе сурат мегиранд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба самти Пекин 5 соату 30 дақиқаро такшил хоҳад дод.
Бино ба гуфтаи директори генералии ширкат Хайрулло Раҳимов, ифтитоҳи хатсайри Душанбе Пекин Душанбе ба шаҳрвандони ду кишвари ҳамҷавор имкони зиёд фароҳам оварда, вақту маблағи мусофиронро сарфа хоҳад кард.
Директор оид ба парвозҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» Файзулло Сатторов зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки барои мардуми Тоҷикистон ва Чин бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории дуҷониба 2 май аввалин парвози мустақими Душанбе- Пекин фаъол мегардад.
«Фикр мекунем пас аз ин ҷуғрофиёи парвозҳо боз зиёдтар гашта, баъди пайвасти ду пойтахт мо ба Лондони Бритониёи Кабир ва Брюссел парвозҳоро анҷом хоҳем дод. Пас аз кушодани ин хатсайр сафи сайёҳон аз ду ҷониб зиёд гашта, барои соҳибкорон шароити хуб барои воридоту содироти мол фароҳам мегардад»,-илова намуд Файзулло Сатторов.
Дар интиҳои вохўрӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.








КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад






