Хатсайри нахустини Душанбе-Пекин 2 май фаъол хоҳад гашт

Апрель 25, 2016 17:17

Душанбе, 25.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Масъалаи ифтитоҳи хатсайри Душанбе-  Пекин-  Душанбе ва масоили тадорукотӣ зимни вохўрии роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» бо намояндагони Бюрои сайёҳии ноҳияи худмухтори Синтсзян ва корпоратсияи «JIRUIXIANG»-и Ҷумҳурии мардумии Чин дар Душанбе баррасӣ гардид.
Қарор аст парвози нахустин дар хатсайри Душанбе — Пекин 2 май  анҷом дода шавад. Парвозҳо тавассути ҳавопаймои «Боинг 757»  ҳафтае як маротиба  рўзҳои Душанбе сурат мегиранд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба  самти Пекин 5 соату 30 дақиқаро такшил хоҳад дод.
Бино ба гуфтаи директори генералии ширкат Хайрулло Раҳимов,  ифтитоҳи хатсайри Душанбе  Пекин  Душанбе ба шаҳрвандони ду кишвари ҳамҷавор имкони зиёд фароҳам оварда, вақту маблағи мусофиронро сарфа хоҳад кард.
Директор оид ба парвозҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» Файзулло Сатторов зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки барои мардуми Тоҷикистон ва Чин бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории дуҷониба 2 май аввалин парвози мустақими Душанбе- Пекин фаъол мегардад.
«Фикр мекунем пас аз ин  ҷуғрофиёи парвозҳо боз зиёдтар гашта, баъди пайвасти ду пойтахт мо ба Лондони Бритониёи Кабир ва Брюссел парвозҳоро анҷом хоҳем дод. Пас аз кушодани ин хатсайр сафи сайёҳон аз ду ҷониб зиёд гашта, барои соҳибкорон шароити хуб барои  воридоту содироти мол фароҳам мегардад»,-илова намуд Файзулло Сатторов.
Дар интиҳои вохўрӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Апрель 25, 2016 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд