Хушунати оилавӣ ва зӯроварӣ нисбат ба зан
Душанбе, 20.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Хушунати оилавӣ ва зӯроварӣ нисбат ба зан» таҳти чунин унвон имрӯз дар Вазорати молияи Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, равоншиносон ва намояндагони дигар мақомоти дахлдор ширкат намуданд.
Иштирокдорон роҳҳои пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила, мустаҳкам намудани муносибатҳои ҳамдигар, муҳайё сохтани фазои солиму обод дар оила, ба тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ додан, дар ниҳоди аъзои оила бедор намудани ҳисси ватандӯстию созандагӣ ва дигар масъалаҳои марбутро баррасӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ ба иштирокдорон филмҳои тасвирии кӯтоҳметраж оид ба муносибати келину хушдоман ва мардону занон намоиш дода шуданд.
Таъкид гардид, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон» барои нигоҳдории солимии оила қабул гардида, аз ҷониби ҳар як шаҳрванди кишвар бояд риоя гарданд.








23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






