ИМА «аъзои калидӣ»-и гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра»-ро дар Сурия нобуд карданд

Апрель 7, 2016 08:26

Душанбе, 7.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар Сурия нақлиётеро, ки бо он як чанд «аъзои калидӣ»-и гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» ҳаракат доштанд, зери ҳамла қарор доданд. Дар ин бора рӯзномаи «The Washingtom Post» бо истинод ба манобеъ аз Пентагон хабар дод.
Бино ба иттилои манобеъ, амалиёт шаби сешанбе ба чоршанбе гузаронида шудааст. Вале дар дохили нақлиёт қарор доштани касе аз роҳбарони гурӯҳи террористӣ маълум нест. ВАО ИМА тасдиқ намуданд, ки амалиёт дар шимолу ғарби Сурия гузаронида шуда, дар натиҷаи он 5 ҷангӣ маҳв гардидааст.

Апрель 7, 2016 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад