Имрӯз «Барселона» бо «Атлетико» қувва меозмояд

Апрель 13, 2016 16:05

Душанбе, 13.04.2016 (АМИТ «Ховар»). Шоми имрӯз бозии ҷавобии ¼ -ниҳоии Лигаи футболи Ҷоми чемпионҳои Аврупо байни дастаҳои «Атлетико» бо «Барселона» баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар дидорҳои аввали ¼ -ниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо клуби футболи «Барселона» дар варзишгоҳи «Камп Ноу» бо душворӣ дастаи «Атлетико»-ро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб кард. Дар нимаи дуввуми рақобат Луис Суарес бо маҳорати фардӣ «Барселона»-ро бо ду голи задааш ба сӯи пирӯзӣ кашид ва онро ғолиб гардонд.
Хотиррасон менамоем, ки як голи задаи дастаи футболи «Атлетико» дар сафар то вохӯрии такрорӣ шуълаи умедро дар дили мухлисонаш барои ба даври нимниҳоӣ баромадан зинда нигоҳ медорад.

Апрель 13, 2016 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад