Имрӯз Душанбе ид дорад

Апрель 16, 2016 11:42

Душанбе, 16.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи пойтахт имрӯз дар Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор гардида, сокинон ва меҳмонони пойтахт ба сайругашти идона мебароянд. Ниммарафони ҳафтуми байналмилалии Душанбе, ки бо ширкати варзишгарони кишварҳои хориҷӣ оғоз гардидааст, аз чорабиниҳои асосии варзишӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт буда, он ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.
Инчунин баргузории мусобиқаи теннисобозон дар Кохи тенниси пойтахт дӯстодорони ин навъи варзишро дар ин рӯз ҷамъ меорад.
Ҳамзамон шаҳрдории Душанбе бо мақсади хотирмон гузаштани таҷлили Рӯзи пойтахт дар чор боғи навоҳии шаҳр- боғҳои устод Рӯдакӣ, «Дӯстии халқҳо», майдони «800-солагии Маскав» ва Кӯли ҷавонон сайругашти идонаи оммавӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти кулчагию қаннодӣ, дигар анвои хӯрокӣ ва дастранҷи ҳунармандонро ба роҳ мондааст.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки баъди нисфирӯзӣ дар толори баландтарин бинои пойтахт — «Душанбе Плаза» ҷаласаи тантанавӣ доир гардида, дар расми мутантан ба пешсафони ниммарафони ҳафтуми байналмилалии Душанбе ва ғолибони озмунҳои соҳавии шаҳрӣ ҷоизаю туҳфаҳо супорида мешаванд.
Инчунин шоми имрӯз шурӯъ аз соати 17:00 дар Боғи устод Рӯдакӣ консерти идона бо ҳунарнамоии устодони санъати ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Бояд зикр кард, ки Душанбе пойтахти маъмурию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, соли 1924 ба ҳайси пойтахт ташкил шудааст. Таҷлили Рӯзи пойтахт иқдоми наҷиби Пешвои миллат буда, он 12 сол муқаддам, аниқтараш дар соли 2004 аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 80-солагии Душанбе пешниҳод гардида буд.
Ҳамин тариқ, ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахт таҷлил карда мешавад.

Апрель 16, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд