Имтиҳоноти қабул дар ДДТХ тавассути имтиҳонсупорӣ дар назди устодон сурат мегирад
Душанбе, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Имсол имтиҳоноти қабул дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тариқи анъанавӣ, яъне чун солҳои қаблӣ, тавассути имтиҳонсупории бевосита дар назди устодони ҳамин муасиссаи таълимӣ сурат мегирад»,-гуфт муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Бобомурод Ғафуров ба довталабон ва волидони онҳо, ки Рӯзҳои дарҳои кушода ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино омада буданд.
Донишгоҳи нав аз рӯи 3 ихтисос- тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ 350 довталабро ҳам тариқи таҳсили шартномавӣ ва тариқи буҷавӣ қабул менамояд. Б.Ғафуров ҳозиринро бовар кунонд, ки тавассути дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Данғара бунёди як маҷмааи муҳташами таълимӣ-тиббӣ оғоз ёфта, он дар давоми 3 сол бояд ба анҷом расад. Алҳол бошад, барои қабули 350 муҳассил тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гашта, омӯзгорони варзида тариқи озмун ба кор қабул мешаванд.
Директори Маркази омодагии қаблии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Р.Қиматов ҳозиринро бо матни муроҷиатномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд. Дар он аз довталабон ва волидони онҳо даъват карда мешавад, ки дар ин марҳилаи тақдирсоз ба фиребу найранги ҳангомаҷӯён ва ваъдабозон бовар накарда, ҳангоми имтиҳонсупорӣ танҳо ба донишу маҳорати хеш такя намоянд. Зикр гардид, ки имтиҳони дохилшавӣ ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тавассути ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонот довталабон бояд дар вақти муайяншуда аз қайди комиссияи қабули донишгоҳ гузаранд.
Дар охир довталабон ва волидони онҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни имтиҳоноти қабул ба ин ду муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






