Интихоботи парлумонӣ дар Сурия анҷом ёфт

Апрель 14, 2016 12:03

Душанбе, 14.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сурия интихоботи Шӯрои миллӣ /Парлумон/ анҷом ёфт. Кори беш аз 7 ҳазор ҳавзаҳои интихоботӣ, ки бояд соати 19:00-и рӯзи чоршанбе /вақти маҳаллӣ/ ба охир мерасид, бинобар сабаби талотуми мардум бо қарори Кумитаи суди олии интихоботи ин кишвар 5 соат тамдид карда шуд.
Бино ба иттилои Комиссияи интихоботии Сурия, натиҷаи интихобот дар давоми 48 соат эълон хоҳад шуд.
Интихоботи парлумонии Сурия дар асоси бисёрҳизбӣ тибқи конститутсияи дар раъйпурсии 26-уми феврали соли 2012 тасдиқшуда сурат гирифт. Органи қонунгузори Сурия аз 250 вакил иборат буда, онҳо аз тариқи овоздиҳии умумӣ, мустақим ва пинҳонӣ ба муҳлати чор сол интихоб мегарданд. Дар интихобот беш аз 11 ҳазор номзад иштирок дошт.
Овоздиҳӣ дар ҳудуди 13 (ҳамагӣ 15- то) округи интихоботии Сурия ба истиснои музофотҳои Раққа ва Идлиб, ки қисмати асосии онҳо зери назорати ҷангиёни гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат ан-Нусра» қарор доранд, гузаронида шуд.

Апрель 14, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад