Истифодаи ғайриқонунии меҳнати шаҳрвандон
Қурғонтеппа, 29.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Аз тарафи мутахассисони Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон вобаста ба истифодаи ғайриқонунии меҳнати шаҳрвандон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, марказҳои савдо, тарабхона ва ошхонаҳои ноҳияи Шаҳритус санҷиш гузаронида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» Ҳамза Бобоев, муовини сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ дод, дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки дар нуқтаи савдои Шаҳром, ошхонаи ба номи «Бобои Расул», ошхонаи миллӣ, роҳбараш Алишер Ҳаитов, нуқтаи савдои «Нисо», роҳбараш Меҳринисо Уроқова ва нуқтаи шустушӯи мошинҳои ноҳияи Шаҳритус Нурматов аз ду то сенафарӣ бе назардошти пешниҳоди ариза, шартномаи меҳнатӣ ва фармон фаъолият дошта, як қисмашон дафтарчаи меҳнатӣ надоранд.
Аз тарафи комиссияи муштарак бо ҳар яки онҳо суҳбат гузаронида шуда, таъкид гардид, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи кормандон бояд расман ба қайд гирифта шуда, андози иҷтимоӣ ба давлат супорида шавад. Мақсад аз санҷиш -ин ҳимояи ҳуқуқу манфиятҳои кормандон мебошад.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






