КМИР: баррасии раванди ҳалли масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ
Душанбе, 21.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид. Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ раванди ҳалли масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Бо мақсади таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкоро дар давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмонҳои байналмилалӣ барои иштироки мушоҳидон даъватнома фиристода шуда буд.
Бинобар ин мувофиқи моддаҳои 6 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.
Аз рӯи он 6 намоянда бо роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Гаркун ва 18 намоянда бо роҳбарии Котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Алексей Сергеев ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо тартиби пешниҳодгардида аккредитатсия карда шуда, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супорида мешавад.
Инчунин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид бо мақсади иштироки ҳарчи бештари шаҳрвандон дар раъйпурсии умумихалқӣ, риояи қонунгузории амалкунанда ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои иштирокдорони семинарҳои омӯзишӣ ба номгӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки барои гирифтани бюллетени овоздиҳӣ ҳуқуқ медиҳанд, ба ғайр аз шиноснома, корти идентификатсионӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, билети донишҷӯӣ ва дафтарчаи имтиҳоноти донишҷӯ, ҳамчунин дафтарчаи нафақа, шаҳодатномаҳои иштирокчии Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ва собиқадори меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда) ва шаҳодатномаи маъюбиро дохил кард. Ҳамин тариқ, номгӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки ба шаҳрвандон барои гирифтани бюллетени овоздиҳӣ ҳуқуқ медиҳанд, ба 9 адад расонда шуд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






