Ҳ.Мирзоев: дар раъйпурсӣ овози ҳар яки мо ҳалкунанда аст

Апрель 26, 2016 14:43

Душанбе, 26.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси  Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанги Афғонистон — и вилояти Суғд ҷамъомад  дар мавзӯи аҳамияту нуктаҳои муҳими тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар барпо гардид. Раиси ташкилоти мазкур А. Қаҳҳоров  иштирокдорони вохӯриро  ба   зоҳир намудани фаъолнокӣ  дар маъракаи  муҳими давлатӣ —  раъйпурсии умумихалқӣ,  ки 22 майи соли 2016 барпо мегардад,  даъват карда, зикр намуд, ки    бо ин амал ҳар яки мо  метавонем дар  рушду ташаккули самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат  саҳм гузорем.
Дар вохӯрӣ Ҳикматулло Мирзоев, раиси Ташкилоти ҷамъиятии     «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон» -и ҷумҳурӣ   изҳор дошт, ки  барои  иштирок дар маъракаи муҳими сиёсии Ватан — раъйпурсии умумихалқӣ бетараф набошем, зеро  овози ҳар яки мо ҳалкунанда буда, барои  ободии Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон  ва осудагиву  хушбахтии худ овоз медиҳем.
Дигар аъзои ташкилоти ҷамъиятии  «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон»  аз рӯзҳои    даҳшатбори   ҷанги Афғонистон  ёдовар шуда, иштирокдорони вохӯриро  барои шукргузорӣ ва  расидан  ба қадри  ободиву озодии Ватан  ҳидоят  намуданд.

Апрель 26, 2016 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд