Моли фурӯхташуда баргардонида мешавад, вале дар кадом ҳолат?
Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Молу маҳсулоти фурӯхташуда дар кадом ҳолат аз ҷониби истеъмолкунандагон ё худ харидорон ба марказҳои савдо баргардонида мешаванд? Дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯянд, ки истеъмолкунандагон қабл аз харидани молу маҳсулот, хусусан маҳсулоти ғизоӣ бояд ба санаи истеҳсоли маҳсулот диққат дода, инчунин аз фурӯшанда ҳатман ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулотро талаб намоянд. Ҳамзамон истеъмолкунандагон вақте ки молу маҳсулотро мехаранд, бояд аз фурӯшанда чек /варақаи санаи харидани маҳсулотро/ талаб намоянд, зеро ҳангоми пастсифат ва нуқсдор баромадани молу маҳсулот истеъмолкунанда танҳо дар сурати доштани чеки маҳсулоти харидааш ҳуқуқ дорад, онро ба маркази савдо баргардонад. Агар истеъмолкунанда чеки маҳсулоти харидаашро бо худ дошта бошад, имкон дорад дар зарфи 14 рӯзи баъди харидани маҳсулоти нуқсдор ё сифаташ пасту ғайриистеъмолӣ онро ба нуқтаи савдо бурда супорад.
Дар ин росто Мурод Ашӯров, сардори Маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯяд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва маърифати харидории истеъмолкунандагон ва хизматрасонии фурӯшандаю савдогарон сохторҳои марбутаи «Тоҷикстандарт» тадбирҳои зарурӣ андешида, корро дар ин самт тақвият мебахшанд. Тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин дар бозору марказҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар тамоми бозорҳои кишвар овезаҳои махсус бо навиштаҷоти «Тоҷикстандарт» огоҳ мекунад!» насб карда шудаанд. Дар ин овезаҳо суроға ва рақами «телефони боварӣ»-и мақомоти салоҳиятдор дарҷ гардидааст.
Инчунин дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон варақаҳои махсус бо навиштаҷоти «Моли фурӯхташуда баргардонида мешавад» нашр гардида, ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар марказҳои савдо насб карда шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






