Мулоқот бо намояндагони Франсия дар Вазорати нақлиёти ҶТ
Душанбе, 28.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 25 апрели соли равон вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ҳайати Сарраёсати авиатсияи граждании Ҷумҳурии Франсия: Франк Жиро- сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои Осиёи Марказии Ҷумҳурии Франсия, хонум Корин Луве- масъули рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Донишкадаи миллии авиатсияи гражданӣ ва дигар намояндагонро бо сарварии Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶумҳурииФрансия дар Тоҷикистон Дидйе Леруа барои мулоқот ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масоили бастани Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, кушодани хатсайрҳо миёни Душанбе ва Париж ва дигар масоили мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрӣ нахуст аз ҳамкории дуҷониба байни ин ду кишвар сухан рафта, гуфта шуд, ки миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия тӯли солҳои охир ҳамкории судманд амалӣ гаштаанд, ки ба истифода додани терминали мусофирбарӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҷониби Ҷумҳурии Франсия далели равшани гуфтаҳои болост.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






