Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккули забони давлатӣ

Апрель 29, 2016 17:01

Душанбе, 29.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Нақши Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар рушди забони тоҷикӣ дар суҳбати «мизи мудаввар», ки имрӯз дар Донишкадаи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, матраҳ шуд.
Иштирокдорони он дар мавзуҳои  Ваҳдати миллӣ ва рушди забони илм, Масъалаҳои рушди забон аз нигоҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,Бозтоби маъноии вожаи ваҳдат дар шеъри тоҷикӣ- форсӣ ва Нақши забон дар таҳкими ваҳдати маънавии ҷавонон сухан  карда, мақоми Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро дар ташаккули забони  давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Маҳфил  ба ифтихори санаи барои миллати тоҷик таърихӣ-ҷашни  25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, он дар руҳияи баланди худшиносӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ -Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва забони давлатӣ гузаронида шуд.

Апрель 29, 2016 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд