Нақши китобхона дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа

Апрель 4, 2016 14:54

Душанбе, 04.04.2016 /АМИТ «Ховар/. «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин барои китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маркази илмию методӣ ва ёрирасон ба шумор меравад»,- иброз намуд Тӯтинисо Юсупова дар машварати омӯзишие, ки дар Китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак дар мавзӯи «Нақши китобхона ва китобдор дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ба воситаи китоб» баргузор гардид.
Машварат бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари наврасону ҷавонон ба китобу китобхона, тарғибу ташвиқи мероси гаронмояи фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои тозаи илмӣ-техникӣ дар байни онҳо, тарбияи ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас гузаронида шуд.
Аз ҷониби шуъбаи маълумотдиҳию библиографӣ ба мудирони китобхонаҳои деҳот дар мавзуҳои «Паём-роҳнамои мост», «25-баҳори Истиқлол», «Пайрави Пешвои миллат бошем», «Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ шоирони достону ғазалсаро» ва «Устоди аввалини ман» дастурҳои методӣ барои баргузории суҳбату вохӯриҳо дастрас карда шуд.
Китобдорон тасмим гирифтанд, ки чунин машваратҳои омӯзиширо дар китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам баргузор намоянд.

Апрель 4, 2016 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад