Ҳам “Нафт Алвасат” ва ҳам “Истиқлол” танҳо барои ғалаба ба майдон меоянд
Душанбе, 11.04.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар меҳмонхонаи “Hyatt regency” бо ширкати мураббиён ва бозингарони дастаҳои “Нафт Алвасат” ва “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозии чоруми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар гурӯҳи “Б” пагоҳ соати 19 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба майдон меоянд, нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Аз ҷониби меҳмонон ба ҷои сармураббии даста Соир Аҳмад, ки бинобар сабаби надоштани Литсензияи “А” аз ҷониби КФО ҳамчун сармураббӣ ҳаққи иштирок дар мусобиқоти сатҳи Осиёиро аз даст додааст, ёвараш Фаллоҳ Ҳасан ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфта, арз кард, ки “Нафт Алвасат” барои нигоҳ доштани мавқеаш дар садри ҷадвали гурӯҳи “Б” танҳо бо мақсади ғалаба ба майдон меояд. Ӯ гуфт: “Ба ғайр аз ду- се бозингари осебдида дигар ҳама ба Тоҷикистон омадаанд ва рӯҳияи бозингарон болида аст, то аз Тоҷикистон бо се имтиёз баргарданд”.
Сармураббии дастаи “Истиқлол”Мубин Эргашев ва бозингари даста Парвиз Умарбоев низ зикр карданд, ки танҳо ғалаба бар “Нафт Алвасат” имкон медиҳад дастаи “Истиқлол”муборизаро барои ба даври дигар гузаштан идома диҳад, агар не, пас ду бозии боқимонда беарзиш хоҳанд буд. Онҳо аз мухлисон даъват карданд, ки ба варзишгоҳ омада, футболбозонро рӯҳбаланд ва дастгирӣ кунанд.
Ёдрас мешавем, ки бозии аввали ин дастаҳо бо ғалабаи “Нафт Алвасат” бо натиҷаи 2 бар 0 дар шаҳри Поси Эрон хотима ёфта буд.








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






